Таҷлили Рӯзи забон дар Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). -Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони дастгоҳи марказӣ ва намояндагони зерсохтори Вазорат, адибону ҳунармандони шинохта Парда Ҳабиб, Рустами Ваҳҳоб ва Рӯзибой Идиев ҷамъомад баргузор гардид.Дар ҷамъомад оид ба сиёсати давлат дар самти арҷгузорӣ ва эҳтироми забони давлатӣ, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар вазорату сохторҳои он маълумот дода, эътибор додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус русию англисӣ сухан карда, тарбияи насли наврасро дар руҳияи эҳтироми забони модарӣ таъкид намуданд. Шоирон Парда Ҳабиб, Рустами Ваҳҳоб ва Сайидаҳмади Зардон ҳозиринро бо ҷашни Рӯзи забони давлатӣ табрик намуда, аз ашъори худ шеърҳоро дар васфи забон ва эҳтироми ватану миллат қироат намуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






