Вохӯрии Меҳрнигори Рустам бо Дабири кулли ЮНЕСКО Ирина Бокова
Душанбе, 30 октябр (АМИТ «Ховар»).- Дар радифи натиҷагирии вохӯрии Дабири кулли ЮНЕСКО бо Президенти Чумхурии Точикистон Эмомалӣ Раҳмон Ирина Бокова овозхони ҷавон, боистеъдод ва умедбахши тоҷик Меҳрнигори Рустамро ҷиҳати иштирок дар Форуми 37-уми байналмилалии ҷавонон, ки аз ҷониби ЮНЕСКО ташкил шудааст, ба Фаронса даъват кард, ки он аз 29-то 03 ноябр идома хоҳад ёфт. 30 октябр дар ифтитоҳи Форуми мазкур дар қатори ҷавонони 196 давлати дунё Меҳрнигори Рустам, ки намояндагии ҷавонони Тоҷикистонро ба уҳда дорад, иштирок намуд. Зимни ифтитоҳ Ирина Бокова бо Меҳрнигори Рустам суҳбати кутоҳе низ анҷом дод, ки аз таваҷҷуҳи хоссаи эшон ба сиёсати ҷавонон, сиёсати фарҳангии кишвар ва арҷгузорӣ ба санъати қадимӣ ва волои тоҷик шаҳодат медиҳад.Бояд ёдовар шуд, ки шиносоии аввалини Ирина Бокова бо ин овозхони ҷавон зимни сафари расмиаш ба Тоҷикистон ҳангоми муаррифии сурудҳои миллии тоҷикӣ, аз қабили шашмақомхонӣ ва фалаксароӣ сурат гирифта, баъдан барои нишон додани ин ҳунари аслии тоҷик овозхони ҷавони тоҷик ба Порис даъват шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






