Вохӯрии роҳбарияти «Амонатбонк» бо намояндагони «Золотая Корона»
Душанбе, 9 октябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). – 8 октябри соли равон намояндагони низоми интиқолии «Золотая Корона» ба «Амонатбонк» омаданд. Мақсади ташрифи меҳмонон вусъат додани ҳамкориҳои дуҷониба миёни «Амонатбонк» ва низоми мазкур буд.
Директор ва муовини директори низоми интиқолии «Золотая Корона» Ситнов Иван Анатолевич ва Шаҳло Қосимова бо раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории ҶТ (БДА ҶТ) «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова, муовини раиси раёсат Абдуманнон Саидов, сардори идораи ҳисоббаробаркунии бонк ва сардори шуъбаи интиқоли маблағҳои идораи мазкур вохӯрданд. Дар вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба миёни низоми интиқолии «Золотая Корона» ва Амонатбонк баррасӣ гардида, тарафҳо ба хулосае омаданд, ки вусъати ҳамкориҳо- ин ноил шудан ба пешравиҳост.
Тавре ки аз хадамоти матбуотии «Амонатбонк» хабар доданд, низоми интиқолии «Золотая Корона» аз соли 2007 бо БДА ҶТ «Амонатбонк» ҳамкорӣ дошта, то ба имрӯз 174 нуқтаи интиқоли маблағҳо аз «Амонатбонк» бо ин низом пайваст мебошанд. Бо низоми «Золотая Корона» интиқоли маблағҳо аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монда шудааст, ки мизоҷони бонк бе мамониат метавонанд маблағҳояшонро ба дилхоҳ давлати дунё интиқол диҳанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






