Вохӯрии вазири корҳои хориҷӣ бо сафири Шветсия
Душанбе, 30 октябр (АМИТ «Ховар»).- 29 октябри соли 2013 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ Сафири Фавқулодда ва Мухтори Шоҳигарии Шветсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аке Петерсонро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот Сафири Фавқулодда ва Мухтори Шоҳигарии Шветсия дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Питер Семнеби, Консули фахрии Шветсия дар Тоҷикистон Озодхон Давлатшоев низ ширкат варзиданд. Зимни вохӯрӣ тарафҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро муҳокима намуда, роҷеъ ба вазъият дар Афғонистон бо назардошти интихоботи президентии дарпешистода, инчунин ҳуруҷи қувваҳои эътилофи байналмилалӣ аз Афғонистон дар соли 2014 мубодилаи афкор намуданд. Вазири корҳои хориҷӣ зикр намуд, ки Тоҷикистон ва Шветсия на танҳо дар сатҳи дуҷониба, балки дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ низ ҳамкорӣ менамоянд. Ҳамзамон зир гардид, ки иқтидори бузурги ҳамкорӣ байни ду давлат вуҷуд дорад ва дар айни замон аз имкониятҳои он пурра истифода бурда намешавад. Соҳаҳои эҳтимолии ҳамкории байни давлатҳо ин соҳаҳои маориф, тандурустӣ, рущди энергетикаи обӣ ва амнияти сарҳадӣ мебошанд. Дар навбати худ, Аке Петерсон ба вазири корҳои хориҷӣ роҷеъ ба тасмими Шоҳигарии Шветсия барои тақвияти ҳузури хеш дар барномаҳои Иттиҳоди Аврупо ва САҲА, ки ба барқарорсозии Афғонистон пас аз хуруҷи нерӯҳои коалитсионӣ дар соли 2014 равона шудаанд, маълумот дод. Фаъолияти мазкур ба рушди муносибатҳо байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Шоҳигарии Шветсия мусоидат хоҳад кард.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






