Вохўрии Э. Сангинов бо Ж. Делар
Душанбе, 21 октябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова).- Муовини якуми вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмин Сангинов ҳайати лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо хонум Жаклин Делар ва намояндагони Иттиҳоди Аврупоро ба ҳузур пазируфт.Зимни вохўрӣ хонум Жаклин масъалаи иҷрои шартҳои ҷудо намудани 9 млн. евро барои дастгирии буҷаи самти ҳифзи иҷтимоиро баррасӣ кард. Дар назар аст, ки миссияи мазкур дар муҳлати 10 рўз ҷараёни ислоҳоти нафақа дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро омўхта, барномаи расонидани кўмакҳои унвонии иҷтимоӣ, хизматрасониҳои иҷтимоӣ, бозори меҳнат ва шуғли аҳолиро татбиқ намуда, ба сохторҳои Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, ин масъалаҳоро ҳамаҷониба мавриди омўзиш қарор диҳад.Тавре ки аз дафтари матбуоти Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, вохўрӣ дар фазои ҳусни тафоҳум баргузор гардида, таклифҳои пешниҳодгардида оид ба ҳамкориҳои минбаъда аз ҷониби тарафҳо дастгирӣ ёфтанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






