Ҳамкории ҶТ ва ИМА дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир
Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Чанде пеш дар шаҳри Душанбе мулоқоти Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Рустам Назаров бо Мушовири калон оид ба барномаи Маркази назорати маводи нашъаовар ва ҳифзи қонуну тартиботи назди Раёсати давлатии ИМА Ҷеймс Каллаҳан баргузор гардид. Тавре ки аз маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни мулоқот масоили марбут ба расонидани ёрии Ҳукумати ИМА ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар бахши мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Дар ҳошияи мулоқот масоили давом додани фаъолияти пажӯҳишгоҳи афсарони бахши алоқаи Агентии назорати маводи нашъаовар ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ муҳокима шуданд. Рустам Назаров зикр намуд, ки агентӣ 29 ноябри соли равон мулоқоти вазирону роҳбарони муассисаҳои мубориза бо маводи мухаддири Афғонистон, кишварҳои Осиёи Марказӣ, Эрон, Покистон, ҶМЧ, ИМА, Туркия, Русия, ҳамчунин Иттифоқи Аврупоро аз рӯи масоили муқобилат ба гардиши маводи нашъаовар, арзёбӣ ва вазъи минбаъдаи маводи нашъаовар доир карданист.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






