Ҳавасмандии БОР ҷиҳати сармоягузории лоиҳаи сохмони роҳи оҳани Тоҷикистон — Афғонистон — Туркманистон

Ноябрь 27, 2013 11:37

Душанбе, 27 ноябр. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Директори генералии Департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбии Бонки осиёии рушд (БОР) Клаус Герхаусер як силсила масоили марбут ба ҳамкории Тоҷикистон ва ин ниҳоди муътабари молиявӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.Клаус Герхаусер пас аз мулоқоташ бо Сарвари давлат дар ҳузури намояндагони ВАО бо изҳори ҳавасмандӣ ба рушди бемайлони муносиботи дуҷониба гуфт, Тоҷикистону Бонки осиёии рушд дар 15 соли ахир ҳамкориҳои босамару густурдаеро ба роҳ мондаанд ва ин ҳамкориҳои минбаъд низ бо татбиқи як қатор лоиҳаву барномаҳо рушду таҳким хоҳанд ёфт. Инчунин бо ёдоварӣ аз таҳияи барномаи ҳамкорӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд Клаус Герхаусер иброз дошт, ки ҷониби БОР ҷиҳати дастгирии фанниву молии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон — Афғонистон — Туркманистон ҳавасманд мебошад. Мавсуф гуфт, «БОР ба гуруҳи кории сохтмони ин лоиҳа кӯмакҳои техникии худро расонида буд ва дар доираи ҳамкорӣ ва тавофуқоти дуҷониба маблағгузории мустақим ба лоиҳаи мазкур дар назар аст». Дар ин мулоқот ҳамчунин масъалаи рушди бахши хусусӣ дар Тоҷикистон, омӯзиши лоиҳаҳои татбиқшванда, рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Ноябрь 27, 2013 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш