Ҷаласаи Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷираи кишварҳои ИДМ

Ноябрь 18, 2013 11:50

Душанбе, 18 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Дар шаҳри Минск ҷаласаи навбатии Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои аъзои ИДМ баргузор гардид. Мувофиқи хабари дафтари матбуоти Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ, дар ҷаласа ҳайати кишвари моро муовини сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ Саидғуфрон Абдулло ба ӯҳда дошт. Назар ба иттилои манбаъ, иштирокдорони ҷаласа масоили марбут ба инъикоси мавзӯи муҳоҷират, ташаккули бозори умумии меҳнат ва таъсири он ба танзими равандҳои муҳоҷират дар кишварҳои ИДМ дар васоити ахбори оммаро мавриди муҳокима қарор доданд. Ҳамчунин масъалаи ҳамкорӣ бо ҷамоаҳои миллӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ дар амри дастгирии шаҳрвандоне, ки дар қаламрави давлатҳои дигар иқомат доранд, баррасӣ шуд.

Ноябрь 18, 2013 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш