Афзоиши маҳсулоти корхонаҳои саноати маъдан ва фулузоти қиматбаҳо
Душанбе, 19 ноябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Тайи 10 моҳи соли равон дар кишвар истеҳсоли маҳсулоти корхонаҳои саноати маъдан ва фулузоти қиматбаҳо зиёд гардид. Масалан, дар ин муддат корхонаҳои саноати маъдан ва сангҳои қиматбаҳо ба маблағи 889 миллиону 800 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки ин 123,7 фоизи дурнаморо ташкил дода, назар ба нишондоди ҳамин давраи соли 2012 баробари 130 миллиону 100 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Дар ин бора аз Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар давраи зикршуда корхонаҳои соҳаи мазкур то 13 ҳазору 574 тонна хокаи сурма, то 2 ҳазору 932 тонна хокаи сурбу нуқра, то 26 ҳазору 926 тонна сурб ва 48 ҳазору 220 тонна хокаи руҳ истеҳсол намудаанд.
Қобили зикр аст, ки тайи 10 моҳи соли равон барои рушди саноати маъдан баробари 229 миллиону 300 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ шудааст.
Дар давраи ҳисобот маҳсулоти корхонаҳои саноати маъдан ба маблағи умумии 781 миллиону 700 ҳазор сомонӣ ба фурӯш бароварда шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






