«Амонатбонк» ва «Новикомбанк» ҳамкориҳои мутақобилаи худро вусъат медиҳанд
Душанбе, 22 ноябр. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).-Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова бо намояндагони «Новикомбанк»-и Русия 20 ноябр дар Душанбе вохӯрӣ анҷом дод. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти «Амонатбонк» хабар доданд, дар ин вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷониба миёни БДА ҶТ «Амонатбонк» ва ҶДММ «Новикомбанк» мавриди баррасӣ қарор гирифт.Тарафҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар бозори асъор ва коғазҳои қиматнок, амалиёти бонкнотӣ, маблағгузории ғайринақдӣ ва ҳамчунин маблағгузории мақсаднок дар соҳаи савдоро мавриди муҳокима қарор доданд. Дар анҷоми мулоқот тарафҳо ба хулосае омаданд, ки муносибатҳои судманд миёни бонкҳо бояд дар сатҳи олӣ ба роҳ монда шаванд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






