Анҷоми барномаи 6-ҳафтаинаи ИМА барои занон-афсарони милитсия
Душанбе, 29 ноябр.(АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- Бахши байналмилалии назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Сафорати ИМА (бахши INL) дар ҳамкори бо Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барномаи шашҳафтаинаи “Баланд бардоштани мақоми зан”-ро барои занон-афсарони милитсия дар Душанбе ба анҷом расонд. Тавре, ки дар ин бора аз Сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, занон-афсарони милитсия бо зиёда аз бист мавзуъ шинос шуданд, ки ин дар навбати худ, ихтисоси онҳоро дар мубориза бар зидди хушунати хонаводагӣ, худкушӣ дар байни занҳо, хушунати ҷавонон ва хариду фуруши одамон, ки ҷомеа ба онҳо дучор мешавад, такмил доданд. Барномаи мазкур тавассути пудратчии бахши номбаршуда-созмони “Эмерҷенс Групп”(TEG), аз 21-уми октябр то 29-уми ноябри соли равон дар Академияи назди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гузаронида шуд. Ҳадафи лоиҳаи мазкур аз баланд бардоштани маҳорати амалӣ ва тафтишотии занон-афсарони милитсия ва афзоиши тавоноии сохторҳои ҳифзи ҳуқуқие, ки ба талаботи ҷомеа мувофиқанд, иборат аст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






