Арзёбии ҳайати ИДМ
Душанбе, 8 ноябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- «Интихобот муташаккилона сурат гирифта, ягон шикояти ҷиддӣ ва ҳодисаҳое, ки ба ҷараёни он таъсир мерасонида бошанд, ба назар нарасид. Нуқсонҳои хурди техникӣ мушоҳида шуданд, ки аъзои салоҳиятдори комиссияҳои интихоботӣ онҳоро фавран бартараф менамуданд. Ҳамаи ин аз омодагии хуби аъзои комиссияҳои интихоботӣ ба ин маърака далолат мекунад», — гуфт зимни суханрониаш роҳбари ҳайати мушоҳидони ИДМ Сергей Лебедев дар нишасти матбуотӣ, ки 7 ноябр аз рӯи натиҷаи интихоботи Президенти Тоҷикистон баргузор гардид.
Шаш номзад ба мансаби Президенти Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, ки ҳамаи онҳо барои иштирок дар интихобот шумораи зарурии имзоҳоро ҷамъ оварда тавонистанд. Ин, пеш аз ҳама, аз хусусияти алтернативӣ доштани интихоботи президент шаҳодат медиҳад, — гуфт Сергей Лебедев.
Ҳайати мушоҳидони ИДМ изҳорот дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуд, ки он баъди расман эълон шудани Президенти Тоҷикистон дарҷ мегардад. Ҳайати мушоҳидони ИДМ зимни изҳороташ қайд менамояд, ки маъракаи интихобот муташаккилона ва дар вазъияти ором гузашт. Ягон нуқсону шикоёте, ки ба ҷараёни интихобот таъсир мекарда бошанд, ба назар нарасид. Интихоботи соли 2013 мутобиқи Сарқонун ва Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои озод, ба таври демократӣ, ошкоро ва дар асоси алтернативӣ сурат гирифт.
«Хулосаҳои Ҳайати мушоҳидони ИДМ ба хулосаҳои ҳайати СҲШ мувофиқат мекунанд. Мо умуман бо роҳи рушди демократия пеш меравем, ки интихобот дар Тоҷикистон аз ин шаҳодат медиҳад», — гуфт дар хотима Сергей Лебедев.
Ҳамзамон намояндагони Русия ва Қазоқистон, ки ба ҳайат шомиланд, зикр намуданд, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври демократӣ, шаффоф ва дар асоси алтернативӣ сурат гирифт. Ҳамаи интихобкунандагон баҳри субботу шукуфоии давлати худ овоз доданд.
Қобили зикр аст, ки мувофиқи маълумоти пешакӣ, Президенти амалкунандаи кишвар Эмомалӣ Раҳмон 83,6 фоизи овози интихобкунандагонро ба даст оварда, пирӯз шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






