Барқияҳои шодбошии роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба унвонии Э. Раҳмон
Душанбе, 7 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Президенти аз нав интихобшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад:
“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Шуморо ба муносибати аз нав интихоб шудан ба мансаби Президенети Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан муборакбод менамоям.
Пирӯзии боэътимоди Шумо дар интихобот аз боварии комил нисбат ба Шумо, аз дастгирии халқи Тоҷикистон сиёсати Шуморо, ки мақсад аз он таҳкими мустақилияту соҳибихтиёрии кишвар, рушди демократия, тартибу низом ва қонуният аст, далолат мекунад.
Аминам, ки саъю кӯшишҳои якҷояи мо минбаъд ҳам ба густариши муносибатҳои неку дӯстонаи анъанавӣ, рушди ҳамкорӣ ва фаъолияти мутақобилаи байни кишварҳоямон ба манзури шукуфоии халқҳоямон мусоидат менамояд.
Аз фурсат истифода намуда, ба Шумо, мӯҳтарам Эмомалӣ Шарифович, тансиҳатии бардавом, саодат ва дар фаъолияти давлатии Шумо ба нафъи Тоҷикистони дӯст муваффақиятҳо орзу мекунам”.
Дар барқияи шодбошии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Руҳонӣ омадааст:
“Ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Интихоби муҷаддади Ҷаноби Олӣ ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Шумо, Давлат ва миллати кишваратон самимона табрик мегӯям.
Ин интихоби муҷаддад, фурсатеро барои самарабахшии талошҳои масъулини Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ шудани барномаҳои дар дастури кори миёни ду кишвар фарохам хоҳад намуд.
Умедворам, дар давраи ҷадид ва дар партави сайъу кушишҳои муштарак, беш аз пеш шоҳиди густариши рӯзафзуни равобити миёни ду кишвар дар ростои манфиатҳои мутақобили ду миллат ва ҳамчунин тавсеаи сулҳу амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ бошем.
Аз Худованди мутаол, саломатӣ ва муваффақияти Ҷаноби Олӣ, сарафрозӣ ва беҳрӯзии Давлат ва миллати дӯст ва бародари Тоҷикистонро орзу дорам”.
Дар барқияи шодбошии Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов гуфта мешавад:
“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Ба муносибати интихоби муҷаддади Шумо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти самимонаамро қабул фармоед.
Аз ин имконияти гуворо истифода намуда, ба Шумо тансиҳатии бардавом, ғайрату қувваи ҳаётбахш, ҳамчунин бахту саодати шахсӣ ва дар ин мансаби олии давлатӣ ба нафъи пешрафту шукуфоии халқи дӯсти Тоҷикистон комрониҳоро таманно дорам.
Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, итминону эҳтиромоти бепоёнам нисбат ба Шумо ва омодагии доимиамро дар амри рушду таҳким бахшидани муносибатҳои дӯстонаи байни кишвару халқҳоямон қабул фармоед”.
Дар барқияи шодбошии Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин гуфта мешавад:
“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович
Табрикоти самимии маро ба муносибати дубора ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шутанатон қабул фармоед.
Ғалабаи комил дар интихобот нишонаи сатҳи баланди эътимоди шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо ва хизматҳои шахсии Шумо дар рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат мебошад.
Робитаҳои миёни Русия ва Тоҷикистон хусусияти анъанавии дӯстона ва созанда доранд.
Мехоҳам ҳавасмандиро барои идомаи кори самарабахши муштарак оид ба таҳкими минбаъдаи шарикии дуҷонибаи стратегӣ ва иттифоқӣ ба манфиати халқҳои бародарамон ва баҳри таъмини сулҳ, амният ва субот дар Осиёи Марказӣ изҳор намоям».
Аз самими қалб ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, тани сиҳат, дар фаъолияти масъулиятнокатон комёбиҳои тоза ва тамоми хушиҳоро таманно дорам”.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар ду басти истироҳатгоҳи «Дурахшон» 230 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Аз 21 то 23 июл дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва бориши борон дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон дастрасии муштариёнро ба онлайн-кинотеатри Wink боз намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Данғара таҳти унвони «Ҷомеаи солим маҳсули оилаи солим аст» иқдоми маърифатӣ доир шуд






