Барқияи табрикӣ аз Подшоҳ ва Валиаҳди Арабистони Саудӣ ва Президенти Ҷумҳурии Юнон
Душанбе, 21 ноябр. (АМИТ «Ховар»). — Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Ходими Ҳарамайни шарифайн Абдуллоҳ ибни Абдулазиз Оли Сауд ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:“Ҷаноби Олӣ, Бародарам Эмомалӣ РаҳмонПрезиденти Ҷумҳурии ТоҷикистонХудованд ҳифзатон кунад.Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.Барои мо мояи сарфарозист, ки Шуморо ба муносибати муҷаддадан ба давраи нави мақоми президентии кишваратон интихоб гаштан аз номи мардум ва Ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва аз номи худ бо таманниёти самимӣ табрику таҳният намоем. Ба Шумо тансиҳативу фирӯзӣ ва ба мардуми бародари тоҷик пешрафту шукуфоии бештарро орзу намуда, саодатманд аз онем, ки кишварҳои моро робитаҳои неки бародарона бо ҳам мепайвандад ва таҳкиму тавсеаи ин равобит дар маркази саъю талоши мо қарор дорад.Паёму сипоси моро пазиро бошед.”.Дар барқияи табрикотии Валиаҳд, муовини Раиси Шӯрои вазирон, Вазири мудофиаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд омадааст:“Ҷаноби Олӣ, Бародарам Эмомалӣ РаҳмонПрезиденти Ҷумҳурии ТоҷикистонХудованд ҳифзатон кунад.Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.Бо камоли хурсандӣ ба Шумо барои муҷаддадан ба мақоми Президенти кишвари бо мо бародар интихоб гаштанатон табрикоти самимии худро тақдим менамоям ва ба Шумо сиҳатмандиву хушбахтӣ ва ба мардуми бародари тоҷик пешрафту шукуфоии бештарро таманно дорам”.Дар барқияи табрикотии Президенти Ҷумҳурии Юнон Каролос Папулиас омадааст:“Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ РаҳмонПрезиденти Ҷумҳурии ТоҷикистонБинобар муҷаддадан ба мақоми олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданатон, шарафмандам табрикоти самимиро аз номи худ ва мардуми Юнон ба Ҷаноби Олӣ изҳор намуда, ба мардуми дусти Тоҷикистон хушрузиву шукуфоӣ таманно намоям”.
Маводи муфассал доир ба ин ва дигар мавзўъҳои фаъолияти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла матн, акс ва навори видеоро метавонед аз сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «www.president.tj» дастрас намоед.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






