Барқияи табрикотӣ аз Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун, собиқ Президенти Украина, Президенти гурӯҳи Бонки Исломии Рушд ва Президенти Конгресси яҳудиёни бухороӣ дар ИМА ва Канада
Душанбе, 12 ноябр (АМИТ «Ховар»).-
Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибн Ал Ҳуссейн ба Президенти тозаинтихоби Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:“Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ РаҳмонПрезиденти Ҷумҳурии ТоҷикистонБоиси сарфарозии ман аст, то самимонатарин табрикоти худро ба Шумо Ҷаноби Олӣ ба муносибати аз нав интихоб гардиданатон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намоям.Ман ба Шумо Ҷаноби Олӣ аз номи худ ва аз номи Ҳукумат ва мардуми Урдун содиқонатарин таманниётро иброз намуда, ихлосмандии худро ҷиҳати тақвият ва беҳбудии равобити дуҷонибаи ҳамкорӣ дар тамоми заминаҳо баҳри расидан ба манофеи муштараки ҳарду кишвар ва мардуми бародар собит менамоям.Ба Шумо Ҷаноби Олӣ саломатии бардавом ва ба мардуми Тоҷикистон пешрафту рифоҳро орзу дорам”.Дар барқияи шодбошии собиқ Президенти Украина Леонид Кучма омадаст:“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!Шуморо самимона ба муносибати бори дигар ба мансаби олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданатон табрик мегӯям. Саҳми барҷаста ва шахсии Шумо дар ташкил ва таҳкими давлати мустақили Тоҷикистон дар тамоми дунё ба расмият шинохта шудааст. Овоздиҳии беш аз 80 фоизи интихобкунандагон ба ҷонибдории Шумо дар интихоботи баргузоргардида далели возеҳи муҳаббат ва эҳтироми мардум ба роҳабари худ ва тасдиқи роҳи дурусти интихобнамудаи Шумо дар сиёсат аст.Ман аз густаришу таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаи мутақобилан судманди миёни Украина ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳимояи мутақобили кишварҳои мустақиламон дар арсаи байналмилалӣ хушҳолам. Ман аз фаъолияти мушарак бо Шумо ва ба манфиати халқҳоямон ба хушнудӣ ёд мекунам.Ба Шумо муваффақиятҳои навин, сиҳатӣ, саодати рӯзгор ва ба халқи дӯсти тоҷик шукуфоӣ таманно дорам.Дар номаи шодбошии Президенти гурӯҳи Бонки Исломии Рушд Доктор Аҳмад Муҳаммад Алӣ омадааст:“Ҷаноби ОлӣПрезиденти Ҷумҳурии ТоҷикистонМехоҳам ба Шумо Ҷаноби Олӣ табрикоти самими худро ба муносибати бори дигар ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданатон расонам.Ғалабаи овозадори Шумо дар интихобот бори дигар аз бузургии мардум ва эҳтироми беандозаи миллати Тоҷикистон дар зери роҳбарии хирадмандонаи Шумо ва инчунин барои маваффақияти беназири ҳукуммататон шаҳодат дод.Ман мехостам, ки ин рӯйдоди фараҳбаш ва омодагии гурӯҳи Бонки Исломии Рушд барои саҳми арзандаатон дар саъю талоши доимӣ оид ба таъмини накуаҳволӣ мардуми Тоҷикистон иброз дорам.Бинобар ин, Бонки Исломии Рушд тадбирҳои заруриро таҳти дастуроти ҳамешагии худ ҷиҳати дастгирии рушди Тоҷикистон қарор дода, барои он саъю кӯшиш ва омодагии худро иброз медорад ва умедворам, ки ҳамфикриро бо кишварҳои аъзои Бонки Исломии Рушд ба роҳ мемонад.Ҷаноби Олӣ таҷдиди ғояти эҳтироми маро қабул намоед”.Борис Кандов — Президенти Конгресси яҳудиёни бухороӣ дар ИМА ва Канада дар номаи шодбошии худ гуфтааст:“Муҳтарам Эмомалӣ — ака!Аз номи ҷомеаи чандинҳазорнафараи яҳудиёни бухороии Амрикои Шарқӣ хоҳишмандам самимонатарин таҳнияти моро ба муносибати муҷаддадан барои муҳлати нав интихоб гардиданатон қабул фармоед.Дигар гуна буданаш ғайри имкон буд, зеро дар тамоми солҳои роҳбарии Шумо ҷумҳурӣ ва мардуми тоҷик дар тамоми бахшҳо ба дастовардҳои беназир ноил гардид.Имрӯз Тоҷикистон мустақил, демократӣ, давлати қавӣ ва дорои ҷойгоҳи сазовор дар ҷомеаи ҷаҳонист.Эмомалӣ -акаи азиз!Мо аз Шумо ниҳоят шодем ва ин рӯйдодро ҳамчун нишонаи бахт, ба унвони раванди тозае дар таърихи Тоҷикистони муосир мепазирем.Дидори мо бо Шумо дар шаҳрҳои Ню- Йорк ва Душанбе фаромушнашуданист. Воқеъбинӣ, матонати қазоват ва дӯстиву эҳтироми Шумо нисбат ба яҳудиёни бухороӣ эҳсоси фараҳмандии моро бедор мекунад.Мутмаинем, ки ин эҳсоси мо ҳаргиз хомуш нахоҳад шуд, балки сол ба сол ва бо ҳузури Шумо афзунтар хоҳад гашт.Шуморо бори дигар табрик мегӯям ва таманнои онро дорам, ки ҳамеша сиҳатманд ва дар иҳотаи муҳаббат ва эҳтироми онҳое бошед, ки Шуморо мешиносад ва бо Шумо ифтихор доранд”.








Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Суратгузориш аз ҷараёни баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар Қазоқистон






