Баррасии мушкилот ва дурнамои рушди муассисаҳои клубӣ
Душанбе, 13 ноябр. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).-14- 15 ноябри соли 2013 бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе машварати ҷумҳуриявии роҳбарони муассисаҳои клубӣ таҳти унвони «Нақши муассисаҳои клубӣ дар рушду нумӯи маънавиёти ҷомеа» баргузор мегардад.
Машварат 14 ноябр кори худро оғоз мекунад. Дар он масъалаҳои вазъият, мушкилот ва дурнамои рушди муассисаҳои клубии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкориҳои муассисаҳои клубӣ бо муассисаҳои таълимӣ дар ташкили фароғати наврасон ва ҷавонон, мавқеи барнома дар ташкили гузаронидани чорабиниҳои клубӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба онҳо баррасӣ мегарданд.
Рӯзи 15 ноябр семинар кори худро дар шаҳри Ваҳдат идома медиҳад. Ширкаткунандагони семинар дар шаҳри Ваҳдат бо дастранҷи хонандагони мактаби рассомӣ ва мусиқии бахши фарҳанги шаҳри Ваҳдат, барномаҳои маҳфили дўстдорони эстрада, шашмақомхонӣ, фалаксароӣ, рақсӣ, мусиқии миллӣ, наттоқони наврас ва студияи сабти овоз шинос мешаванд. Инчунин дар назар аст, ки онҳо аз Кохи маърифат, Осорхонаи таърихию кишваршиносӣ ва Боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Ваҳдат дидан кунанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






