Баррасии вазъи мухаддиротии минтақа дар Душанбе
Душанбе, 30 ноябр. (АМИТ «Ховар», Руқияи Боймамад).- Шоми дирӯз дар меҳмонсарои «Кохи Сомон» мулоқоти роҳбарони Мақомоти зиддимухадиротии кишварҳои минтақа баргузор гардид. Дар кори мулоқот роҳбарони мақомоти зиддимухаддиротии Афғонистон, Эрон, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Русия, Хитой, Амрико, Туркия, ҳамчунин намояндагони Раёсати СММ оид ба маводи нашаъовар ва ҷинояткорӣ ва Иттиҳоди Аврупо барои муҳокимаи вазъи мухаддиротӣ дар минтақа, арзёбии инкишофи он дар соли 2014 ва мувофиқагардонии чораҳои муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ширкат доштанд. Дар ҷараёни мулоқот ширкаткунандагон роҳҳои ягонаи босуботгардонии вазъ ва муқовимат ба густариши маводи мухаддир дар минтақа дар соли 2014-ро таҳия ва омодагии ҷонибҳоро ҷиҳати қабули чораҳои қатъии зиддимухаддиротӣ арзёбӣ намуданд.Рустам Назаров, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ гуфт, ки тайи се рӯзи баргузории ҷаласа ба масъалаҳои ҳамкориҳои минтақавӣ дар самти муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир диққати махсус дода мешавад.Бояд гуфт, ин ҷаласа то 2 декабр идома ёфта, ширкаткунандагон таҷрибаи пешқадами хамкориҳои байналмилалиро дар тафтиш ва ошкори парвандаҳои вобаста ба гуруҳҳои маводи мухаддирро дида мебароянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






