Бозгашти варзишгарони маъюби кишвар бо 4 медал аз Швейтсария

Ноябрь 19, 2013 10:21

Душанбе, 19 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- 4 нафар варзишгарони маъюби кишвар дар мусобиқаи байналмилалии «Тенниси калон», ки аз 14 то 18-уми ноябри соли равон  дар Швейтсария ҷараён дошт, 4 медал- 1 медали тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд. 
Ҳусейн Назаров нишони тиллои ин мусобиқаро ба даст овардааст ва ин  дуюмин медали тиллои ӯ аз мусобиқаҳои байналмилалӣ ба шумор меравад. Ҳусейн феврали соли равон дар олипиадаи Сеул-2013 миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд дар риштаи лижаронӣ сазовори ҷойи аввал ва медали тилло гардида буд. Бародараш Ҳасан дар ин мусобиқа ҷойи сеюм ва медали биринҷиро ба даст овард. 
Фаридун Юлдошев ва Фарида Назарова  дар ин риштаи варзиш ҷойи дуюм ва медалҳои нуқраи ин мусобиқаро соҳиб гаштанд.
Дар мусобиқаи байналмилалии теннис, ки тӯли як ҳафта миёни варзишгарони маъюби 23 кишвари ҷаҳон ҷараён дошт, Тоҷикистон аввалин кишварест, ки аз манотиқи Осиёи Миёна дар он иштирок  намуд.  Варзишгарони кишвар шоми имрӯз, 19-уми ноябр соати 18:00 ба Ватан бармегарданд.

Ноябрь 19, 2013 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад