Бозори Тоҷикистон ба маҳсулоти Русия зарурат дорад
Душанбе, 13 ноябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- 12 ноябр дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими муаррифии ширкати «Камкабел» — и Федератсияи Русия баргузор гардид, ки дар он намояндаи ширкат — менеҷери бахши тиҷорат Виталий Пауткин иштирок дошт. Ин чорабинӣ бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати ҶТ ва Намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон ба манзури вусъат бахшидани савдои маҳсулоти корхонаҳои Русия роҳандозӣ шуд.
Назар ба хабари маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, сардори шӯъбаи равобити иқтисодии хориҷии палата Бахтиёр Сафаров зимни суханрониаш иброз дошт, ки ҳамкорӣ бо минтақаҳои Федератсияи Русия ривоҷ ёфта, шумораи ҳарчи бештари ширкатҳои Русия ба Тоҷикистон мароқ зоҳир менамоянд.
Виталий Пауткин аз фаъолияти ширкати « «Камкабел» нақл карда, зикр намуд, ки ширкати мазкур беш аз 55 сол муқаддам дар шаҳри Перм таъсис ёфта ва калонтарин корхонаи кабелу симсозии Русия ва ИДМ ба шумор меравад. Корхона 9 коргоҳ 5 озмоишгоҳ, пажуҳишгоҳи тадқиқоти илмиро дар бар гирифта, маҳсулоти он ба 75 кишвар фиристода мешавад.
Аз ҷониби Тоҷикистон дар ин маросим намояндагони ширкатҳои аъзои палата аз қабили ҶСКХ «Барқи тоҷик», ҶСК «Помир энерҷӣ», ҶММ «Ганҷина», «Султони Кабир», ҶСК «Тоҷикэнегоснаб», намояндаи Палатаи савдо ва саноати ЧТ дар Афғонистон ва ғайра ширкат доштанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






