Дастурхони аҳолии Панҷакент пурнеъмат мегардад
Панҷакент, 19 ноябр.(АМИТ «Ховар»,Гулбаҳор Худойбердиева).-Кишоварзони ноҳияи Панҷакент аз ҳавои мусоид истифода бурда, корҳои саҳроиро хуб ба роҳ мондаанд. Тавре ки ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори раёсати кишоварзии ноҳияи мазкур Ислом Шафиев иттилоъ дод, то ин муддат дар асоси супориши Президенти мамлакат оид ба зиёд намудани кишти картошка кишоварзони шаҳр иқдом гирифтанд, ки соли ҷорӣ дар майдони 3150 га кишти картошка гузаронанд. Тибқи ҳисоботи оморӣ дар соли 2013 кишти картошка ба 3583 га расонида шуд, ки нисбат ба соли 2012 — 452 га зиёд мебошад. Бояд зикр намуд, ки дар соли 2012 — 74324 тонна аз тарафи кишоварзон картошка истеҳсол шудааст, ки ҳосилнокӣ аз ҳар як га 249 сентнериро ташкил намуд.
Имрӯзҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷамъоварии картошка идома дорад ва кишоварзон ният доранд, истеҳсоли картошкаро дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар соли ҷорӣ ба 10015 тонна, аз ҷумла дар бахши ҷамъиятӣ ба 48390 тонна расонанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






