Халифазода: Онҳое, ки шиканҷа мекунанд, бештар аз 5-сол муҷозот шаванд
Душанбе, 19 ноябр. (АМИТ «Ховар», С. Солеҳ).-Муҳаммадризо Халифазода, сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ ва назорати маводи нашъаовари Прокуратураи генералии Тоҷикистон, дирӯз дар ҷараёни як конфронс, ки таҳти унвони «Ҳуқуқи инсон дар низоми адолати судии ҷиноӣ» миёни хабарнигорони ВАО-и кишвар 3 рӯз аст ҷараён дорад, гуфт: “Пешниҳодҳо ҳаст, ки ононе, ки шиканҷа мекунанд, бештар аз 5 сол ҷазо гиранд”.
Ба қавли ӯ қабл аз қабули моддаи шиканҷа ҳар навъ зӯроварӣ: сӯйистифода аз мансаб, баромадан аз ваколатҳои мансабиро ба сифати шиканҷа ба қайд мегирифтем. Агарчи на шиканҷа, ҳатто лату кӯби шаҳрвандон аз ҷониби кормандони милитсия низ мебуданд.
Бояд гуфт, ки тибқи моддаи 143 (шиканҷа)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ муҷримони ин гуна ҷиноят ё то 3 сол аз озодӣ маҳрум ё ин ки ҷарима мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






