Ифтитоҳи боғча ва гимназия дар ноҳияи Ҳамадонӣ

Ноябрь 28, 2013 10:03

Ҳамадонӣ, 28 ноябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).- Дар арафаи таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳамадонӣ ва шуъбаи маорифи ноҳия дар маркази ноҳия боғчаи нави кӯдакона мавриди истифода қарор гирифт. Боғча аз ду ошиёна иборат буда, барои тарбияи кӯдакон тамоми шароитҳо муҳаё карда шудааст. Мақомоти маҳаллӣ ва шуъбаи маорифи ноҳия мақсад доранд, ки дар оянда барои қабули бештари кӯдакон шароит фароҳам оранд. Дар ҳамин рӯз аз ҷониби ҳокимияти давлатии ноҳия бинои гимназияи давлатӣ низ баъди таъмири асосӣ мавриди истифода карор дода шуд. Бино аз 9 синфхона иборат буда, имкони дар ду баст ба таҳсил фаро гирифтани 240 хонандаро дорад. Дар гимназияи давлатӣ беҳтарин омӯзгорон ба кор кабул карда шудаанд.

Ноябрь 28, 2013 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад