Иштироки Қ. Расулзода дар Шўрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои узви СҲШ ва мулоқотҳояш дар Тошканд

Ноябрь 30, 2013 11:58

Душанбе, 30 ноябр. (АМИТ «Ховар»). — Дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷаласаи Шўрои сарони Ҳукуматҳо -Сарвазириони давлатҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода иштирок кард. Дар кори ҷаласа доираи васеи масоили ҳамкориҳои иқтисодӣ, хусусан тақвияти муносибатҳои байнидавлатӣ дар самти молия ва сармоягузорӣ, ҳамзамон вусъати ҳамгироиҳои минтақавии фарҳангию гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода зимни суханронии хеш изҳор дошт, ки барои тақвияти робитаҳои байниҳамдигарӣ ва рушди доду гирифти байнидавлатӣ Котиботи Созмони ҳамкориҳои Шанхайро зарур аст, ки назоратро рўи татбиқи Барномаи ҳамкориҳои бисёрҷонибаи иқтисодию тиҷоратӣ ҷоннок намуда, дар доираи созмон раванди амалигардидани Созишномаи байниҳукуматии давлатҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхайро дар бораи фароҳамсозии шароити мусоиди ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ тақвият бахшанд. Қоҳир Расулзода дар суханронии худ афзуд, ки таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои аҳамияти миллию минтақавидошта ҳамаҷониба аз имконоти молявии мавҷуда вобастагӣ дорад ва изҳори боварӣ кард, ки талошҳои таъсиси хазинаи рушд ва бонки рушди СҲШ дар ин самт қадамҳои усувору боварибахш хоҳанд гашт. Дар ҳамин замина, ҳамзамон тақвияти фаъолият ва дастгирии ҳамаҷонибаи иттиҳоди байнибонкии Созмон, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он раисиро бар уҳда дорад, муҳим арзёбӣ шуд. Тавре таъкид гардид райёсат дар Созмони ҳамкориҳои Шанхай барои солҳои 2013-2014 бар уҳдаи Ҷумҳурии Тоҷикстон вогузор гардидааст ва ҷониби Тоҷикистон талош хоҳад варзид то давраи раёсат дар созмони мазкурро дар сатҳи зарурӣ сипарӣ карда, ба рушди ҳарчи бештари ҳамкориҳои минтақавию байналмилалӣ дар доираи созмон ноил гардад.Дар хотимаи нишасти навбатӣ аз ҷониби сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони давлатҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай изҳороти муштарак, изҳорот дар хусуси рушди ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёт, қарори якҷоя дар хусуси нақшаи фаъолияти минбаъда дар роҳи таъсиси хазина ва бонки рушди Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва як зумра ҳуҷҷатҳои марбут ба фаъолияти созмон ба имзо расонида шуд. Дар доираи иштирок дар кори ҷаласа Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо Раиси Шўрои давлатии Ҷумҳурии Халқии Хитой Ли Кецян мулоқот кард. Сарвазири Тоҷикистон дар мулоқот ба раванди ҳамкориҳои байнидвлатӣ баҳои сазовор дода, барои афзун намудани сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сохтмони роҳи оҳану нақлиёт, хаттҳои интиқоли барқ ва навсозии корхонаҳои бузурги саноатӣ аз Раиси Шўрои давлатии Ҷумҳурии Халқии Хитой даъват ба амал овард. Ҳамзамон, Қоҳир Расулзода дар шаҳри Тошканд бо Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Жанторо Сотиболдиев мулоқот карда, доир ба муҳимтарин масъалаи ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи ҳукуматҳои ду давлат табодули афкор намуд.

Ноябрь 30, 2013 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад