Иштироки Р. Назаров дар ҷаласаи Кумитаи сиёсат ва шарикии НАТО
Душанбе, 12 ноябр. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). — 11 ноябри соли ҷорӣ дар ҳошияи сафари худ ба шаҳри Брюссел директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назаров дар ҷаласаи Кумитаи сиёсат ва шарикии НАТО дар формати СЕАП сухан гуфт.
Дар брифинг Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар НАТО сафир Рустамҷон Солиев ширкат варзид. Рустам Назаров таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба талошҳо ва ташаббусҳои Тоҷикистон дар мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҷалб кард. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки мушкилоти муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар яке аз масъалаҳои мубрами ҷаҳон боқӣ мемонад ва Тоҷикистон дар мубориза бар зидди ин омил кишвари пешсафи тамоми минтақа мебошад.
Ҳамчунин ташаббусҳои қаблии Тоҷикистон, ба монанди ташаккули минтақаи амнияти атрофи Афғонистон, бунёди эътилофи зиддинашъа ва қабули Консепсияи ягонаи эътилофи зиддинашъа, инчунин таъсиси ниҳодҳо ва марказҳои таълимии минтақавӣ, ки фаъолияти онҳо ба мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва омодасозии кормандони сохторҳои қудратӣ ҷиҳати пешгирии паҳншавии маводи мухаддир равона шудаанд, манзур гардиданд.
Иштирокчиёни ҷаласа ҳамчунин дар бораи ҳаҷми воситаҳои нашъаовар, ки дар соли 2012 ва дар 10 моҳи соли 2013 аз гардиши ғайриқонунӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мусодира шуданд, инчунин дар бораи теъдоди шахсони дастгиршуда ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалбшуда маълумот гирифтанд. Р.Назаров инчунин ҳамкории зуд тавсеаёбандаи байни Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия, Афғонистон ва Покистонро махсус таъкид намуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






