Иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар маъракаи интихоботӣ дар Қувайт
Душанбе, 6 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз, 6 ноябри соли 2013 аз соати 6-и субҳ инҷониб дар тамоми участкаҳои интихоботӣ маъракаи овоздиҳии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қувайт Зубайдулло Зубайдов аз тариқи телефон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дар айни ҳол дар ин кишвар маъракаи раъйдиҳӣ ба номзадҳо ба мансаби Президенти Тоҷикистон идома дошта, шумораи интихобкунандагон дар ин кишвар 25 нафар аст.
Ӯ афзуд, ки имрӯз пас аз анҷоми раъйдиҳӣ бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Қувайт чорабиние бахшида ба Рӯзи Сарқонун ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки хабарнигорон ва тоҷирони қувайтӣ барпо мегардад, ки дар он доир ба Тоҷикистон маълумот ироа мегардад.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади таъмини иштироки шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз ҳудуди кишвар зиндагӣ доранд, дар 27 давлати хориҷӣ 61 участкаи интихоботӣ созмон дода шудааст. Аз ин теъдод қитъаи овоздиҳӣ танҳо 24 -тоаш дар шаҳрҳои гуногуни Русия ташкил шудааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






