Иттиҳоди Аврупо ислоҳотро маъқул ёфт
Душанбе, 21 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- 20 ноябр иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар шаҳри Брюссел дар ҳошияи нишасти вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Вазири корҳои хориҷии Литва, ки раёсати Иттиҳоди Аврупоро ба ӯҳда дорад, мулоқот анҷом дод. Тавре ки аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ хабар доданд, ҷонибҳо масоили татбиқи стратегияи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ, масъалаҳои сиёсию иқтисодӣ, аз ҷумла ислоҳоти дохилӣ, ҳуқуқҳои инсон ва волоияти қонун, масоили об ва муҳити зист, ҳамчунин проблемаҳои ҷаҳонию минтақавӣ, аз ҷумла вазъияти Афғонистонро мавриди муҳокима қарор доданд.Ҷонибҳо перомуни роҳҳои ҳалли қазияи Афғонистон, ҳамчунин ҷилавгирии хавфу хатар ба амнияту суботи минтақа табодули афкор намуданд. Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқуф гузоштани ҷазои қатл ва ислоҳоти бахши волоияти қонунро маъқул ёфт.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






