IX-умин намоишгоҳи байналмилалии таълимӣ дар Тоҷикистон
Душанбе, 26 ноябр. (АМИТ «Ховар», Руқияи Боймамад).- Ширкати муштараки байналмилалии Тоҷикистон-Малайзия «TM-international» IX-умин Намоишгоҳи байналмилалии таълимиро дар Тоҷикистон доир менамояд. Намоишгоҳи мазкур дар ҳамдастӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистону Малайзия ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 — 27-уми ноябри соли ҷорӣ аз соати 09:00 то 17:00 дар меҳмонхонаи «Серена»-и шаҳри Душанбе доир мегардад.Дар IX-умин Намоишгоҳи байналмилалии таълимӣ иштироки намояндагони дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони Донишгоҳҳои Малайзия, Чин, Туркия, ИДА, ИДМ ва ғайра ба нақша гирифта шудааст. Намоишгоҳи таълимӣ ба толибилмон ва хоҳишмандон имкон медиҳад, ки аз тарзи таҳсилу омўзиш дар донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ иттилои бештар пайдо намоянд. Директори ширкат Абдураззоқ Абдуллоев зикр кард, ки тибқи шартномаҳои тарафайн дар намоишгоҳи таълимӣ донишгоҳҳои равияи илмҳои дақиқ ва барномаҳои илмҳои техникӣ ба роҳ монда шудааст. Азбаски Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло ба мутахассисони соҳаи илмҳои дақиқ ниёз дорад, мо тасмим гирифтем, ки барои омода намудани чунин мутахассисони баландихтисос бо пешрафтатарин донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ қарордод ба имзо расонем.Мавриди зикр аст, ки соли равон ширкати «TM-international» бо “Донишгоҳи тиҷорат ва молияи Лондон” (LSBF), Донишгоҳи давлатии технологии Малайзия, “Донишгоҳи техникии Сегӣ» Малайзия, “Донишгоҳи эҷодӣ ва техникии Лимкоквинг”, Малайзия, Донишгоҳи тибби Малайзия (MAHSA), “Донишгоҳи Ноттингеми Малайзия”, “Донишгоҳи Байналмилалии Кипр” (Қибрис), “Донишгоҳи Шарҷаи АМА” (Дубай), Донишгоҳи Шарқи Наздик Кипр(Қибрис) ва Донишгоҳи Олмон шартнома ба имзо расонд ва ин донишгоҳҳо низ дар намоишгоҳ иштирок менамоянд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






