Конститутсия- кафили ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон

Ноябрь 4, 2013 13:45

Душанбе, 4 ноябр. ( АМИТ «Ховар», Руқияи Боймамад).- 4 ноябри соли 2013 дар маҷлисгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори таҷлили 19-умин солгарди қабули  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзўи «Конститутсия- кафили ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд» баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ, намояндагони Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ, Шўрои адлия, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, устодони факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва намояндагони дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ иштирок ва маърўза намуданд.
Аз ҷумла ҳозирин зимни суханронӣ ва маърўзаҳои худ иброз доштанд, ки  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади дорои қувваи олии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷати сиёсиву иҷтимоӣ ифодакунандаи сиёсати амиқи пешгирифтаи давлату ҳукумати кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ  эътироф шуда, барои таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ ва бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд, ки дар он арзишҳои умумии пазируфташудаи инсонӣ,  ба монанди ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд арзиши олӣ эълон шуда, таъмини шароити мусоид барои зиндагии арзандаи ҳар шахс марому мақсад ва ҳадафи асосии давлат муқаррар шудааст, нақши муассир бозид.
Дар Конститутсияи мамлакат ғояи таҷзияи ҳокимият ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ муқаррар шуда, барои аз ҷониби тамоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ мустақилона бидуни дахолат ба фаъолияти ҳамдигар ба амал баровардани салоҳияти худ, кафолати қонунӣ бахшида шуда, волоияти қонун ва баробарҳуқуқӣ, гуногунандешии сиёсиву идеологӣ, бисёр¬ҳизбӣ, эътирофи моликияти хусусӣ ва кафолати пешбурди фаъолияти озоди соҳибкорӣ таъмин  шуд, ки ин ифодаку¬нандаи шакли муосири давлатдории демократӣ  дар низоми сиёсати ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад. 
 

Ноябрь 4, 2013 13:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад