Кортҳои пардохтии низоми пардохтҳои байналмилалии «MasterCard»
Душанбе, 29 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лайло Қосимова). — Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Тоҷиксодиротбонк» барориши кортҳои пардохтии низоми пардохтҳои байналмилалии «MasterCard»-ро эълом медорад. Акнун муштариёни бонк метавонанд дар муддати кӯтоҳтарин барои худ ва наздиконашон кортҳои пардохтии «MasterCard» боз намуда, дар ҳудуди Тоҷикистон ва хориҷи кишвар барои харид ва хизматрасониҳо аз он истифода намоянд. Ин кортҳо на танҳо дорои навори магнитианд, инчунин чипҳое низ доранд, ки сатҳи амнияти онро боло мебаранд. Муштариён метавонанд мувофиқи мақом ва имконоти худ корт интихоб намоянд. Тавре ки аз хадамоти матбуотии бонк хабар доданд, ороиши кортҳои «Тоҷиксодиротбонк» имкон медиҳад, ки муштариёнаш дар бозори хизматрасониҳои бонкӣ аз дигарон фарқ кунанд. Хоҳишмандон метавонанд бо тарофаҳо ва хизматрасонии кортҳо дар филиалҳои бонк шинос шаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






