Маҷлиси миллӣ Қонун дар бораи рамзҳои Президентро ҷонибдорӣ намуд
Душанбе, 11 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» -ро 11 ноябр аъзои палатаи болоии Парлумони мамлакат дар иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллӣ, ки таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев- раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ баргузор гардид, баррасӣ ва ҷонибдорӣ карданд.
Мамадшо Илолов-раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ зимни муаррифии қонуни мазкур гуфт, ки ба ду моддаи лоиҳаи қонуни амалкунанда- моддаи 1 ва 6 тағйиру иловаҳо ворид шуданд, ки он масъалаҳои супоридани рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба танзим медарорад. Яъне, минбаъд тибқи ин тағйирот тартиби супоридани рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. Дар асоси Қонуни мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи мансаб дорандаи ордени «Ситораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дараҷаи як мебошад. Инчунин дар ҷараёни маросими ба иҷрои вазифа шуруъ намудани Президент /инаугуратсия/ ба Президенти кишвар аз ҷониби раиси Суди конститутсионии ҷумҳурӣ Нишони «Ситораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо ордени «Ситораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дараҷаи 1 супорида шуда, дар ин маврид Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохта мешавад.
Мамадшо Илолов гуфт, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳанӯз 7 сол муқаддам, яъне соли 2006 қабул гардида буд ва бори нахуст аст, ки ба он Парлумони Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид менамояд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






