Масъалаҳои таълими мусиқӣ дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ
Душанбе, 29 ноябр. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Имрӯз дар толори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси таълимӣ-методӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои таълими мусиқӣ дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ» баргузор гардид. Дар конфронс масъалаҳои зарурати омӯзиши мусиқӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумии муосир, китобҳои дарси мусиқӣ: таҳлил ва такмил, фаъолияти барномаи мусиқии «Мерос»(Мурагер) дар мактабҳои таҳсилоти умумии Қазоқистон, мулоҳизаҳо оид ба услуби таълими дарси «Мусиқӣ», вазифаҳои асосии таълими мусиқӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуд. Гуфта мешавад, ки дар кори конфронс меҳмонон аз ИМА ва Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок намуданд. Дар ин бора сухангӯи Вазорати фарҳанги кишвар Раҳматулло Раҳматуллоев иттилоъ дод.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






