Муҳокимаи масъалаи хидматрасонии иҷтимоӣ ба кӯдакони имконияташон маҳдуд
Душанбе, 26 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода).- Имрӯз, 26 ноябр, дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагиҳои дипломатии Фаронса, ИМА, Олмон ва Комиссияи Аврупо конфронси хотимавӣ таҳти унвони «Эҳё дар сатҳи ҷамоа: Тавсияҳо барои оянда» баргузор мегардад. Конфронсро намояндагии Федератсияи Handicap International (Ҳендикап Интернейшнл), барномаи Осиёи Марказӣ дар ҳошияи лоиҳаи Сифати зиндагӣ барои ҳама, рушди дастрасӣ ба хидматрасонии иҷтимоии кӯдакони имконияташон маҳдуд ва хонаводаҳои онҳо дар вилояти Хатлон бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо созмон додааст. Тавре ки аз намояндагии Федератсияи Ҳендикап Интернейшл дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни конфронс лоиҳаи беҳдошти дастрасӣ ба хидматрасонии иҷтимоии кӯдакони имконияташон маҳдуд бо василаи истифодаи стратегияи эҳё дар сатҳи ҷамоаҳо, ки онро Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ қабул карда буд, муаррифӣ карда мешавад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






