Муҳокимаи масоили таҳсилоти фарогир
Душанбе, 13 ноябр. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Бо дастгирии шӯъбаи Созмони байналмилалии Пажӯҳишгоҳи «Ҷомеаи кушода» -Бунёди мадад дар Тоҷикистон пайваста бо ҳамкорӣ бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон 21 ноябр Конфронси — П байналмилалӣ бахшида ба масоили рушди таҳсилоти фарогир дар Тоҷикистон баргузор мегардад.
Тавре ки аз Академияи таҳсилоти Тоҷикистон хабар доданд, мақсади асосии конфронс иборат аз омӯзиши масоили таҳсилоти фарогир, табодули таҷриба ва ҳамкорӣ, имконияти дарки муҷаддади принсипҳои сиёсати бахши маориф мебошад.
Дар ҷараёни конфронс масоилу имкониятҳои рушди таҳсилоти фарогир дар Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ, таъмини дастрасӣ ба таҳсилот, хидматрасонии иҷтимоӣ, рафъи монеаҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид, тарҳрезии муносибатҳои нави илмӣ ва гузоштани заминаи таълимию усулӣ ва ғайра мавриди муҳокима қарор мегиранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






