Мулоқот бо Намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон Ян Кубиш
Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон Ян Кубишро ба ҳузур пазируфт.Дар оғози суҳбат Ян Кубиш бори дигар Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати пирӯзӣ дар интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба ӯ ва мардуми кишвар барору комёбӣ ва амалишавии умеду ормонҳоро таманно намуд.Зимни мулоқот масоили гуногуни вобаста ба авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон, аз ҷумла таъмини амнияту субот ва рушди иҷтимоию иқтисодии ин кишвар пас аз соли 2014 баррасӣ шуд.Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба авзои кулли минтақа ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






