Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Сафири Русия И.С Лякин-Фролов

Ноябрь 21, 2013 10:48

 Хуҷанд, 21 ноябр. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дирӯз раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода Сафири Фавқулодда ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фроловро, ки бо сафари корӣ ба вилоят ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт. Зимни суҳбат ҷонибҳо ҳамкориҳои дуҷонибаи мавҷуда дар соҳаҳои гуногун ва роҳҳои таҳкими робитаҳо дар ояндаро мавриди баррасӣ қарор доданд. Раиси вилоят дар ҷараёни мулоқот аз густариши рӯзафзуни равобити иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангӣ миёни вилояти Суғд ва минтақаҳои Федератсияи Русия изҳори хушнудӣ намуда, иброз дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд омода аст барои вусъати ҳамкориҳо дар оянда кӯшиш ба харҷ диҳад. Аз ҷумла зикр шуд, ки дар доираи ҳамкориҳои минтақавӣ вилояти Суғд бо вилоятҳои Иваново, Свердловск, Оренбург, Астрахан, Саратов ва кишвари Олтойи Федератсияи Русия робитаҳои судмандро ба роҳ мондааст. Ҳамчунин зикр гардид, ки дар нуҳ моҳи соли 2013 ҳаҷми табодули мол миёни вилояти Суғд ва Федератсияи Русия нисбат ба солҳои пешин афзоиш ёфта, ҳаҷми содироти маҳсулот аз вилояти Суғд ба Федератсияи Русия беш аз 15 миллион долларро ташкил мекунад. Дар навбати худ аз Русия ба вилояти Суғд ба миқдори 324 миллион доллари ИМА маҳсулоти гуногун ворид шудааст.

Ноябрь 21, 2013 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад