Мулоқоти Ҳамрохон Зарифӣ бо намояндаи Кумитаи иҷроияи ИДМ
Душанбе, 4 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Имрӯз Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ Раиси Кумитаи иҷроия – Муншии иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедевро ба ҳузур пазируфт.
Тавре ки аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ хабар доданд, вазир ба Раиси Кумитаи иҷроия барои фаъолияти самарабахш ва роҳандозии муваффақонаи ҷаласаҳои мақомоти оинномавии ИДМ, ки 24 – 25 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Минск доир гардиданд, изҳори миннатдорӣ кард.
Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот перомуни масоили иштироки ҳайати намояндагони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули афкор намуданд. Вазири корҳои хориҷӣ итминон дод, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ ва озоду шаффоф мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ва арзишҳои демократиӣ хоҳад гузашт.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






