Мулоқоти Ҳ.Зарифӣ бо А.Пибалгс

Ноябрь 21, 2013 12:57

Душанбе, 21 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- 20 ноябр иҷрокунандаи вазифаи Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар шаҳри Брюссел бо Комиссари оид ба рушди Аврупо Андрис Пибалгс мулоқот анҷом дод.Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории дуҷонибаи миёни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон, ҳамчунин лоиҳаҳои дуҷонибае, ки онҳоро Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон татбиқ менамояд, мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Зимни мулоқот ба барномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2014 – 2020 таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардид. Комиссари оид ба рушди Аврупо, аз ҷумла, зикр намуд, ки мувофиқи барномаи махсус ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои дуҷониба барои Ҷумҳурии Тоҷикистон 250 миллион евро ҷудо карда шудааст. Барнома бахшҳои маориф, тандурустӣ ва рушди деҳотро фаро мегирад. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ноябрь 21, 2013 12:57

Хабарҳои дигари ин бахш