Муроҷиати шаҳрвандон ба Хадамоти муҳоҷират меафзояд
Душанбе, 16 ноябр. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). — Тавре ки мудири бахши қабул ва маслиҳатдиҳии дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират Дӯстмурод Умбаров хабар дод, ба Бахши қабул ва маслиҳатдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатии дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират ва сохторҳои зертобеи он дар 10 моҳи соли 2013 12 ҳазору 228 нафар муроҷиат намудаанд.
Дар давраи сипаригашта ба бахши қабул ва маслиҳатдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ 3490 нафар шаҳрванд муроҷиат намудааст, аз ҷумла, 1847 нафар ба тариқи шифоҳӣ, 135 нафар аз тариқи хаттӣ ва 1508 нафар аз тариқи телефони боварӣ муроҷиат намудаанд.
Бахши қабул ва маслиҳатдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар раёсатҳои Хадамоти муҳоҷират дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ, шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказ, инчунин Намояндагии Хадамоти муҳоҷират дар Федератсияи Русия фаъолият мекунад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






