Нашри маълумотномаи марказҳои ёрии ҳуқуқии ройгон
Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар»). — Ассотсиатсияи филиали “ҲЕЛВЕТАС Свисс Интеркооперейшен” дар Тоҷикистон маълумотномаро бо суроға ва рақами телефонҳои марказҳои ёрии ҳуқуқии ройгони давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ки дар тамоми қаламрави кишвар фаъолият доранд, ба табъ расонд. Ин маълумотнома суроғаҳои 90 маркази ёрии ҳуқуқӣ ва 5 маркази буҳронӣ ва инчунин ҷадвали ҳозираи радио-эфирҳои ҳуқуқиро дар бар дорад.
Маълумотномаи «Суроғаҳои марказҳои ёрии ҳуқуқӣ» барои хар фарде, ки ба ёрии ҳуқуқӣ ниёз дорад, ҳамчун раҳнамо хизмат мекунад ва ба таври ройгон байни мақомоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ ва созмонҳои рушд паҳн шудааст. Барои дарёфти он ба суроғаи электронии зер муроҷиат намоед: tajikistan@helvetas.org
Ин маълумотнома дар чорчӯбаи лоиҳаи “Дастрасӣ ба адолат” аз ҷониби филиали Ассотсиатсияи «ҲЕЛВЕТАС Свисс Интеркооперейшен» дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид таҳия шудааст. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Оҷонсии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ маблағгузорӣ гашта, мақсади асосии он ба баланд бардоштани дониши ҳуқуқии ахолӣ ва беҳтар намудани ёрии ройгони ҳуқуқӣ дар муомилаҳои оилавӣ равона шудааст. Лоиҳа бо ташкилотҳои маҳаллии “ИНИС”, “Идораи Ҳуқуқи инсон ва риояи қонун”, “Маркази ҳуқуқи инсон”, “Мададгор”, “Лигаи занони ҳуқуқшинос” ва “Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон” ҳамкории зич дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






