Номаҳои шодбошӣ аз роҳбарияти давлатҳо, созмонҳо ва муассисаҳои хориҷӣ

Ноябрь 27, 2013 17:29

Президенти Ҷумҳурии Словения Борут Пахор ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:«Ҷаноби Олӣ,Иҷозат диҳед ба Шумо табрикоти самимии худро ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баён дошта, бароятон комёбиҳои зиёд, сиҳатии комил ва дар иҷрои ин вазифаи пурмасъулият сарбаландӣ орзу намоям.Ҷаноби Олӣ, мутмаинам, ки ҳамкории миёни Ҷумҳурии Словения ва Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ бо муваффақият рушд ёфта, ҷиҳати таъмиқи муносиботи дуҷониба, ки ба таҳкими субот, истиқрор ва ҳамдигрфаҳмӣ дар саросари ҷаҳон нигаронида шудааст, мусоидат хоҳад кард. Ҷаноби Олӣ, хоҳишмандам эҳтироми волои маро қабул фармоед».Дар барқияи табрикотии Президенти Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Лаос Чоуммалӣ Саясоне омадааст:«Ҷаноби Олӣ,Ба муносибати бори дигар ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданатон, Шуморо аз номи худ ва аз номи тамоми мардуми Лаос самимона табрик намуда, ба Ҷаноби Олӣ таманниёти неки худро баҳри тансиҳатии бардавом, рифоҳу сарбаландӣ ва комёбиҳои беназири Шумо дар таъмини пешбурд ва шукуфоии кишваратон орзу мекунам.Мутмаинам, ки таҳти сарварии Шумо робитаҳои дӯстона ва ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Лаос ва Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ дар мабнои муносибатҳои дуҷониба ва чӣ дар ҳошияи ниҳодҳои бисёрҷониба тақвияти бештар касб намуда, ба нафъи мардумони ҳар ду кишвар ва сулҳи байналмилалӣ хизмат хоҳанд кард.Хоҳишмандам Ҷаноби Олӣ ғояти эҳтироми амиқи маро бипазиред».Дар барқияи табрикотии Президенти собиқи Молдова Владимир Воронин омадааст:«Эмомалӣ Шариповичи муҳтарам!Шуморо бо ғалабаи қатъӣ дар интихоботи Президенти Тоҷикистон сидқан табрик мегӯям!Ба Шумо, пеш аз ҳама, сиҳатии комил, комёбиҳо дар кор, муваффақиятҳои навро дар кори рушд ва таҳкими Тоҷикистон таманно дорам. Бигузор тамоми ниятҳои Шумо амалӣ ва дастгирии шоистаи мардумӣ низ танҳо мустаҳкам гардад.Вохӯриҳоямро бо Шумо, бахусус фазои дӯстона, ҳамкориҳо ва ҳамдигарфаҳмиҳоеро, ки дар онҳо ҳукмфармо буд, бо як эҳсоси махсус ба ёд меоварам.Аз фурсат истифода бурда, ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарипович, нерӯи беинтиҳо ва матонат, ба Тоҷикистон сулҳу шукуфоиро таманно дорам»!Дар барқияи табрикотии Раиси Иттиҳодияи фарҳангии ҷамъияти «Сомониён» Саидмурод Шарифов омадааст:“Мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ,Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонЭмомалӣ РаҳмонMo тоҷикони муқими Ҷумҳурии Қазоқистон аз пирӯзии Шумо дар маъракаи навбатии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли равон шуда гузашт, ниҳоят хушнуд гашта, Шумо ва дар шахсияти Шумо тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистони азизамонро бо ин комёбии бузург табрику таҳният гуфта, ба Шумо Ҷаноби Олӣ сиҳатию саломатӣ ва ба диёри зебоманзару азизамон – Тоҷикистон сарсабзию хурамӣ, ободию шукуфоӣ, тинҷию амонӣ, муваффақиятҳои нав ба нав дар арсаи байналмилалӣ хоҳонем.Мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ, ҳар як — муваффақиятҳои Шумо, ҳамчун пешвои тоҷикони ҷаҳон, мувафаққиятҳои диёри азизамон, ҳамчун ватани аҷдодиямон боиси ифтихор ва фараҳмандии мо тоҷикони бурунмарзӣ мегардад.Бори дигар пирӯзии Шуморо дар интихоботи навбатӣ табрику таҳният гуфта, бароятон комёбиҳо ва бурдбориҳоро таманно дорем.Бо салом ва эҳтироми бепоён тоҷикони муқими ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон”.

Ноябрь 27, 2013 17:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!