Оғози ҷаласаи навбатии Шӯрои сарвазирони узви ИДМ дар Санкт-Петербург
Душанбе, 20 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони узви кишварҳои ИДМ дар шаҳри Санкт-Петербург қарор дорад.
Имрӯз, 20-уми ноябр сарвазири мамлакат дар кори ҷаласаи мазкур нахуст дар мулоқоти сарони ҳайатҳо ва баъдан дар нишасти сарони ҳукуматҳо- сарвазирони узви кишварҳои ИДМ бо иштироки ҳайатҳои васеъ иштирок ва суханронӣ кард.
Ёдрас мешавем, ки ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони узви кишварҳои ИДМ дар шаҳри Санкт-Петербург субҳи имрӯз ба кори худ оғоз карда, дар кори он зиёда аз 20 масъала вобаста ба ҳамкории байнидавлатӣ дар доираи иттиҳод муҳокима мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






