Ошкор намудани 70 ҳолати қоидавайронкунии донишҷӯёни ДМТ

Ноябрь 16, 2013 09:47

Душанбе, 16 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова),- Бо сафарбар намудани  воситаҳои Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии кишвар бо мақсади пешгирии  ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ бо иштироки ҷавонону наврасон, бахусус донишҷӯён, ки дар давоми ду ҳафта дар қаламрави ҷумҳурӣ ҷараён дошт, 160 ҳолати қонунвайронкунӣ аз ҷониби донишҷӯён  ошкор гардид. 
Тавре ки дар ин бора сомонаи Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар медиҳад, аз ин шумора беш аз 70 ҳолати он аз ҷониби донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон содир гардида ва боқӣ аз донишгоҳҳои олии пойтахт ва шаҳри Хуҷанду Қурғонтеппа содир гардидаанд.
Ба иттилои манбаъ, кормандони БДА ВКД Тоҷикистон барои  минбаъд вайрон нашудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо аз ҷониби донишҷӯён тадбирҳои мушаххас андешидаанд.
 
 
 
 

Ноябрь 16, 2013 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд