Пахши мустақими ҷараёни ҷаласаи якҷояи ММ МН МО ҶТ тавассути TВ
Душанбе, 15 ноябр.(АМИТ«Ховар», Марзия Саидова).- Фардо, 16 ноябр дар Душанбе ҷаласаи шашуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати чорум баргузор мегардад.
Аз палатаи болоии Парлумони мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҷаласаи муштараки ҳар ду палатаи Парлумони мамлакат дар маҷлисгоҳи Маҷлиси Олӣ соати 9-и саҳар оғоз гардида, сипас кори худро дар Кохи «Сомон»-и бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати ҷумҳурӣ идома медиҳад.
Дар кори ҷаласаи муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар радифи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, инчунин роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои мамлакат ва дигар мақомоти масъули кишвар даъват гардидаанд. Дар ҷараёни ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Президенти тозаинтихобшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон савганд ёд намуда, ҳамзамон ба Президенти ҷумҳурӣ аз ҷониби раиси Суди Конститутсионии ҷумҳурӣ рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешавад.
Инчунин дар рӯзи савгандёдкунии инаугуратсияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт гузашти низомӣ бо ҳузури низомиёни гарнизони Душанбе, ҷузъу томҳои сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар баргузор гардида, дар назар аст, ки дар он авиатсияи низомӣ иштирок намояд.
Бояд тазаккур дод, ки маросими ба фаъолият шуруъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тавассути шабакаҳои радио ва телевизионҳои давлатии Тоҷикистон ба таври мустақим пахш мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






