Риоя нагаштани талаботи истифода ва ҳифзи захираҳои об
Душанбе, 9 ноябр. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров). – “Нозирони Раёсатҳои вилояти, шуъбаҳо ва бахшҳои ҳифзи мухити зисти ҷумҳурӣ якҷоя бо шуъбаи назоратӣ дар моҳи октябри соли 2013 баҳри риояи талаботи Кодекси оби Ҷуҳурии Тоҷикистон, амалӣ гардонидани тадбирҳои “Барномаи давлатии экологӣ ва Консепсияи ҳифзи муҳити зист” 268 объектро санҷиданд. Дар ин самт барои ислоҳи камбудиҳои ошкоргашта 467 адад супориши ҳатмӣ дода шуда, аз он 304 адад иҷро шудааст, ки он 65% -ро ташкил медихад. Барои вайронкунии талаботи Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба 267 нафар шахсони алоҳида ва мансабдор протокол тартиб дода шуд, ки дар асоси он айни замон 200 қарори ҳуқуқвайронкунии маъмури бо маблағи умуми 26920 сомони ҷарима баста шуда, 22 134 сомонӣ руёнида шудааст, ки он 82,2% — ро ташкил медиҳад. Ҳамчунин барои риоя нагаштани талаботҳои истифода ва ҳифзи захираҳои об зарар ба маблағи умуми 360,0 сомони зарар пешниҳод гардид. Ба миқдори 760,0 сомони зарар рӯёнида шуд ки ин 211% — ро ташкил медиҳад. Маълум гардид, ки корҳо аз тарафи кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон (минтақаи Кӯлоб), ВМБК, ноҳияҳои тобеи марказ Ҷиргатол, Рашт, Шаҳринав, Файзобод ва Тавилдара суст ба роҳ монда шудаанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






