Семинари машваратӣ дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф
Душанбе, 29 ноябр. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф семинари машваратӣ бо сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилоят, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба кори худ оғоз намуд. Дар ифтитоҳи семинар вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саидов аҳли нишастро ба баррасии воқеъбинонаи мушкилоти соҳа ва роҳу усули бартараф намудани он даъват намуд. Дар рафти семинар масъалаҳои тартиби гузаронидани рейтинги сифати дониши хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, маблағгузории сарикасӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, рафти иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илм, барномаҳои давлатии марбут ба соҳаи маориф дар давраи соли 2013 дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, норасоии кадрҳои омӯзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ ва таъмин намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон, пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ ва таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо китобу маводи таълим, рафти омодагии муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2013-2014 ва дигар мушкилоти соҳа мавриди муҳокима қарор мегиранд. Маврид ба ёдоварист, ки дар семинарии мазкур муовинони вазири маориф ва илм, кормандони дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони сохторҳои тобеи он, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилоят, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок доранд. Семинари машваратӣ пагоҳ кори худро идома медиҳад. Дар ин бора сухангуи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Маҳмудхон Шоев хабар дод.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






