Шаҳрвандони ҷумҳурӣ иҷозаи дубора ворид шудан ба қаламрави Русияро гирифтанд
Душанбе, 29 ноябр. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Хадамоти Федеролии муҳоҷирати Русия ба 7 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки аз тарафи мақомоти интизомии Русия бинобар сабаби вайрон намудани қонунҳои Федеролӣ аз қаламрави ин кишвар маҷбуран ба мӯҳлати аз 3 сол то 5 сол берун карда шуда буданд, иҷозаи дубора ворид шудан ба қаламрави ин кишварро гирифтанд. Ҳанӯз дар моҳи сентябри соли ҷорӣ шаҳрвандони кишварамон Мақсуда Раҳмонова, зодаи шаҳри Душанбе, Гулшода Ғаюбова, истиқоматкунандаи шаҳри Турсунзода, Қаҳрамон Воҳидов, истиқоматкунандаи ноҳияи Истаравшан, Шаҳбоз Алиев зодаи шаҳри Душанбе, Ҳабибулло Мамадҷонов, истиқоматкунандаи ноҳияи Ашт, инчунин донишҷӯи курси 3-юми Донишгоҳи иқтисод ва менеҷменти шаҳри Новосибирск ва донишҷӯи курси 4-уми Донишгоҳи давлатии технологии шаҳри Иркутскии Федератсияи Русия ба бахши мо бо аризаи хаттӣ муроҷиат намуданд, ки аз тарафи мақомотҳои интизомии Русия бинобар сабаби вайрон намудани қонунҳои Федеролӣ аз қаламрави ин кишвар маҷбуран ба мӯҳлати аз 3 сол то 5 сол берун карда шуда буданд. Мавриди зикр аст, ки дар айни замон ду фарзанди ноболиғи Мақсуда Раҳмонова дар шаҳри Великий Новгород, ду фарзанди ноболиғи Гулшода Ғаюрова дар шаҳри Москва, ду фарзанди ноболиғ ва оилаи Қаҳрамон Воҳидов дар шаҳри Челябинск, ду фарзанди ноболиғ ва оилаи Ҳабибулло Мамадҷонов дар шаҳри Перм, як фарзанди ноболиғ ва оилаи Шаҳбоз Алиев дар шаҳри Санкт-Петурбурги вилояти Ленинград монда буданд, то ҳол онҳо бе волидайн зиндагонӣ менамуданд. Роҳбарияти Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони роҳбарияти Федеролии муҳоҷирати Русия Константин Ромадановский мактуби расмӣ ирсол намуда хоҳиш намуданд, ки ба шаҳрвандон ва донишҷӯёни дар боло зикршуда иҷозаи дубора ворид шудан ба қаламрави Русияро диҳанд, ҷониби Русия ин хоҳиши Тоҷикистонро дастгирӣ намуд. Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати донишҷӯёни тоҷик, ки дар макотиби олии Федератсияи Руия таҳсил менамоянд мерасонад, ки ҳангоми аз қаламрави Россия берун шудан ва дубора ба онҷо рафтан, худро дар қайди донишгоҳ монанд, қонунҳои ин кишварро риоя намоянд ва кӯшиш кунанд аз ҳеҷ ниҳоди ин кишвар қарздор набошанд, то мушкиле барои онҳо пеш наояд. Бояд гуфт, ки 20 нафар донишҷӯи тоҷик, ки дар донишгоҳҳои олии Русия таҳсил мекунанд, алакай ду нафари онҳо аз тарафи Хадамоти Федеролии муҳоҷирати Россия иҷозаи дубора ворид шудан ба қаламрави ин кишварро гирифтанд, 18 нафари онҳо бошад интизори посухи ҷониби Россия ҳастанд. Дар ин бора Абдуллои Қодирӣ, сухангуи хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шугли аҳолӣ иттилоъ дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






