Шиносоии Зариф Ализода бо участкаҳои интихоботии пойтахт
Душанбе, 6 ноябр. (АМИТ «Ховар»Фарзона Ашӯрмадова).-Субҳи имрӯз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Зариф Ализода барои овоздиҳӣ ба участкаи интихоботии №5 ноҳияи Фирдавсӣ ташриф оварда, овоз дод.
Тавре ки дар ин бора аз Хадамоти матбуотии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон хабар доданд, баъд аз раъйдиҳӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни ташкили кори участкаҳои интихоботӣ ва иштироки шаҳрвандон дар овоздиҳӣ аз кори участкаҳои интихоботии №12; 22; 30-и ноҳияи И.Сомонӣ, ки дар биноҳои асосии Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қандил Ҷӯраев, Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншо Шотемур, участкаи интихоботии №4 ноҳияи Шоҳмансур, ки дар бинои Душанбе-Плаза таъсис дода шуда буд, шинос шуда, бо масъулини участкаҳои интихоботӣ атрофи масъалаҳои ташкили кори участкаҳо, муҳайё намудани шароит барои нозирони байналмилаливу миллӣ ва намояндагони васоити ахбори оммаи хориҷӣ ва ватанӣ суҳбат намуд.
Кор дар участкаҳои интихоботии мазкур бо инобати меъёрҳои интихоботи демократӣ ва озоду шаффоф ба роҳ монда шуда, шаҳрвандони кишвар бо истифода аз ҳуқуқи интихоботии худ дар раванди баргузории интихобот фаъолона иштирок доштанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






