Таҳқиқоти педагогӣ: мушкилот ва дурнамои он дар замони муосир

Ноябрь 29, 2013 15:50

Душанбе, 29 ноябр.(АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- «Дастовардҳои пажуҳишгоҳ дар корҳои илмиву тадқиқотӣ,таҳияи стандартҳои фаннӣ, барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимию методӣ назаррасанд»,- гуфт Бозоралӣ Одинаев-муовини вазири маориф ва илм имрӯз зимни баргузории конфронси байналмилалии «Таҳқиқоти педагогӣ: мушкилот ва дурнамои он дар замони муосир». Конфронси мазкур ба муносибати 80- солагии Пажуҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон доир гардид. Дар конфронс оид ба таърихи пажуҳишгоҳ ва дастовардҳои он дар 80-соли фаъолият аз ҷониби роҳбарият ва намояндагони дигар сохторҳои Вазорати маориф ва илм иттилоъ дода шуд. Маврид ба ёдоварист, ки Институти давлатии илмию тадқиқотии тоҷик 10-августи соли 1933 таъсис ёфта, 3-юми декабри соли 2012 номи Пажуҳишгоҳи рушди маорифро гирифт.

Ноябрь 29, 2013 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш