Тарбияи кӯдакон дар кӯдакистон
Ҳисор, 30 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Бо ташаббус ва маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ Мавҷуда Ҳакимова дар маркази шаҳраки Ҳисор сохтмони кӯдакистони нави замонавӣ барои 70 нафар кӯдак дар арафаи анҷомёбист. Ин соҳибкори баландҳиммат боз мақсад дорад, ки бахшида ба таҷлили ҷашни 3000 — солагии Ҳисор як кӯдакистони дигар барои 70 нафар, як коргоҳи кулолӣ ва як коргоҳи дӯзандагиро барои тайёр намудани армуғонҳои миллӣ бо мақсади ташкили ҷойҳои нави корӣ барои 30 нафар зан ба истифода диҳад.Мавҷуда Ҳакимоваро мардуми Ҳисор ҳамчун ташаббускор, ободгари роҳу кӯпрукҳо, дӯстдор ва ғамхори кӯдакон, маорифпарвару ҳимматбаланд мешиносанд. Маҳз бо кӯмаки ӯ сокинони деҳаҳои Кӯшкаки мурғон, Тошбулоқ, Оқулии боло, Якуми май, деҳаи Ҷангалак ва чандин деҳаи дигар бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин шуданд. Ғайр аз ин ӯ сарпарастии бошандагони интернати нобиноён, интернати махсуси кӯдакон, интернати касалиҳои руҳиро низ ба уҳда дорад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






