Вазири авқофи Миср таҷлили «Ошӯро»-ро дар масҷидҳо манъ кард
Душанбе, 18 ноябр. (АМИТ «Ховар»). — Нашрияи «Ал-Аҳром»-и Миср менависад, ки вазорати авқофи Миср таҷлили рӯзи «Ошӯро»-ро, ки ҳамасола дар даҳаи моҳи муҳаррам, мутаносиб ба имрӯз, 13-уми ноябр, аҳли ташайюъ аз он дар масҷидҳо ёд мекунанд, мамнӯъ эълон кардааст. Дар шарҳи ин тасмимаш вазорати авқоф гуфтааст, «тарзи таҷлили ин рӯз, ки ба гунае тазоҳуроти маҳзабӣ аст, ки дар масҷидҳо номумкин аст ва метавонад сабаби ихтилофҳои мазҳабӣ бишавад». — Вазорати авқоф дар хусуси ба хубӣ ба анҷом расидани рӯзи «Ошӯро» бо вазорати молия ва шӯрои вазирони Миср дар миёнаи ҳафта, дар назар аст, ҷаласае баргузор намоянд. — Ин рӯз дар даҳсолаи ахир боиси кашмакашҳои беҳудаи мазҳабӣ дар кишвар шуда буданд, — менависад манбаъ. Айни ташайюъ, аз ҷумла, дар Ҷумҳурии исломии Эрон ин рӯзро ба хотири қатли имом Ҳусайн, яке аз имомҳои аҳли мазҳаби шиа, ки гуфта мешавад, дар ҳамин рӯз бо фармони Язид ибни Муовия кушта шудааст, ба нишони эътироз бадани худро маҷрӯҳ мекунанд. Дар Тоҷикистон ду сол қабл мавъизаи яке аз эшони маъруфи суннатии тоҷик Нуриддин Тӯраҷонзода дар масҷиди Муҳаммадияи Ваҳдат, ки ин рӯҳонӣ хатибии онро ба ӯҳда дошт, боиси баҳс бо Кумитаи дин ва ин хонаводаи маъруф шуда буд. Баъди ин баҳс, ки бо ҷавобгарии маъмурии Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, бародари эшони Нуриддинҷон, анҷомид, мақомот дар масҷиди Муҳаммадия гузоштани намози ҷамоаро манъ карданд. Бознашр аз сомонаи www.tojnews.tj








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






